- лат
- I[لت]1. задан бо даст, калтак ва ғ., зарба, латма2. халал, монеа; зарбу лат задан, калтаккӯбӣ, калтаккорӣ, лату кӯб; лат додан чизеро а) задан, такон додан; зада тела додан; б) хӯр. лат дода омехта ва тайёр кардани ягон чизи шуррут (барои пухтан); в) маҷ. халал расондан, монеъ шудан; миёни корро шикастан; лат додан касеро маҷ. гап ё раъйи касеро гардонда ӯро хиҷил кардан; касеро сахт сарзаниш кардан, афшонда партофтан; лат задан ниг. лат додан чизеро; б) лат хӯрдан а) зарба дидан, ба зарба дучор шудан; б) дар натиҷаи афтодан, беҳаво пой мондан, бори вазнинеро бардоштан ва ғ., муддате дардманд шудан (-и даст, пой ё миёни одам); в) маҷ. зада шудан, дучори сарзанишу танқид шудан; миёни кор лат хӯрдан киноя аз халал ёфтани коре, ба монеае дучор омадани кореII[لت]кит. шашпар, гурзIII[لت]пора; лат-лат пора-пора, порчапорча, тикка-тикка
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.